«СЕ ХОҲАРОН» ДАР МАЯКОВСКИЙ

Сентябрь 3, 2010 16:15

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – Дар арафаи таҷлили Рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон 7 сентябр дар чаҳорчӯби фаъолияти Бунёди рушди «Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти Авруосиёӣ»-и Намояндагии Русия  дар Тоҷикистон дар театри драмавӣ-русии ба номи В. Маяковский чорабинии хайриявӣ бахшида ба ин санаи муҳим доир мегардад. Дар ин рӯз тамошобинон намоишномаро аз рӯи асари нависанда ва драматурги барҷастаи рус Антон Чехов «Се хоҳарон» тамошо менамоянд. Шакли классикии намоишномаи мазкур дар таҳияи Ҳунарманди Хизматнишондодаи ҶТ  Барзу Абдураззоқов, ки ҳамзамон муаллифи ороиши саҳна низ мебошад, ба саҳна гузошта шудааст. Намоишнома дар бораи одамоне, ки дӯст доштан, эҳсос кардан ва зиндагӣ кардан мехоҳанд, нақл мекунад. Ҳамчунин қайд кардан ба маврид аст, ки дар рӯзҳои ҷашнгирии Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷамъомад, симпозиуму нишастҳо, барномаҳои консертӣ,  намоиши маҳсулоти қаннодӣ  ва ҳунарҳои халқӣ баргузор мегардад.   Тарҷумаи М. Анварӣ

Сентябрь 3, 2010 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад