ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ САРҲАДБОНОН

Сентябрь 28, 2010 16:24

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар маросими ифтитоҳи бинои омӯзишгоҳи олии сарҳадбонон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сафири ИМА дар Тоҷикистон Кэн Гросс, генерал-майор Шералӣ Мирзо ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд. Шералӣ Мирзо ба сафорати ИМА барои кӯмакҳояш миннатдорӣ баён намуда, изҳор кард, ки амалӣ гаштани лоиҳаи мазкур шароити маишӣ ва омӯзонидани курсантонро беҳтар менамояд, ки ин ҳамзамон ба сифати тайёр намудани кадрҳо барои қӯшунҳои сарҳадӣ мусоидат менамояд.   Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ моҳи июни соли 2009 оғоз гардида, дар ду давра сурат гирифт. Марҳилаи аввал, ки моҳи феврали 2010 ба охир расид, корҳои аз миён бардоштани иморатҳои кӯҳна, таъмири пурраи бинои хобгоҳ ва бо оби хунук ва гарм таъмин намудани ҳаммомҳои бинои хобгоҳро дар бар гирифт. Дар даври дуввум, ки аввали ин моҳ ба охир расид, бинои ошхонаи нав, варзишгоҳ, майдонҳои мошинмонӣ, дидбонгоҳи тафтиши шиносномаҳо сохта шуда, омӯзишгоҳ бо трансформатори нав ва шабакаи нави гармкунӣ таъмин гардид. Бахши Сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи қонунӣ корҳои азнавсозии биноҳои омӯзишгоҳи олии сарҳадбонон ва муҷаҳҳазкунии онро маблағузорӣ намуд. Бояд гуфт, ки буҷети лоиҳаи мазкур такрибан 3,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Бахши Сафорати ИМА оид ба назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи қонунӣ аз соли 1992 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон  дар иҷрои лоиҳаҳои кӯмакрасон барои таъмини амнияти марзҳо, дастгирии волоияти қонун ва мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ба маблағи умумии зиёда аз 44 миллион доллари амрикоӣ ҳамкорӣ намудааст

Сентябрь 28, 2010 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад