СОХТМОНИ ХОНАҲО ҶАРАЁН ДОРАД

Сентябрь 16, 2010 15:10

Кӯлоб, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Бо мақсади таъмини шароити хуби зиндагӣ барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ду хонаи нави замонавии истиқоматӣ иборат аз 4 ҳуҷраӣ бо тамоми асбоби рӯзгор таҷҳизонидашударо ба истифода доданд. Дар маросими супоридани хонаҳои истиқоматӣ муовини директори Агентии номбурда Бунафша Одинаева иштирок намуда, дар ҳузури намояндагони аҳли ҷамоатчигии ҳукумати вилояти Хатлон калиди хонаҳои нави истиқоматиро ботантана ба соҳибонаш супорид. Бояд тазаккур дод, ки дар сохтмони ин хонаҳо мутахассисони маҳалӣ истифода шудаанд.  

Сентябрь 16, 2010 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад