ТАЛАБОТ БА «ҲАҚИҚАТИ СУҒД» МЕАФЗОЯД

Сентябрь 29, 2010 14:48

Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Нашрияи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд «Ҳақиқати Суғд» аз оғози соли 2011 ҳафтае 3 маротиба нашр мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд. Нашрияи «Ҳақиқати Суғд» аз 25 марти соли 1930 ҳамчун рӯзномаи расмии давлатӣ чоп шуда, номашро борҳо дигар кардаву вале дар мақсаду мааром, асолату рисолат то ба имрӯз побарҷост. Мавриди ёдоварист, ки то ба нимаи аввали солҳои 90-уми асри гузашта  рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», «Ленинабадская правда» ва «Ленинобод ҳақиқати» ҳафтае 5 маротиба нашр мешуданд. Он вақтҳо  теъдоди нашри ҳар шумораи рӯзномаи кунунии «Ҳақиқати Суғд» то ба 45 ҳазор нусха мерасид.

Сентябрь 29, 2010 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад