ТАНЗИМИ НАРХ МАСЪУЛИЯТИ КИСТ?
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти фаврии маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ майдони умумии кишти маҳсулоти полезӣ дар ҷумҳурӣ ба 17 ҳазору 564 гектар расонида шуд. То 27 – уми сентябри соли 2010 ҳосили 13 ҳазору 565 га замини кишти полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст. Тибқи дурнамои хоҷагиҳои ба кишти полезӣ (харбуза, тарбуз каду) машғул дар соли 2010 истеҳсоли ин навъи маҳсулот бояд ба 151 ҳазору 465 тонна расонида шавад. Аз маълумоти фаврӣ маълум мегардад, ки ин нақша аллакай 169 фоиз иҷро гардида, наздик ба 256 ҳазор тонна маҳсулот ҷамъоварӣ ва ба фурӯш бароварда шудааст. Ин гувоҳи он мебошад, ки бо фаровонии ин навъи маҳсулот нархи он дар бозорҳои ҷумҳурӣ бояд хеле ночиз бошад, аммо чунон ки ҳамагон медонанд дар рӯзҳои иди шарифи Рамазон нархи як каду 5 – 8 сомонӣ, як тарбуз 10 – 15 ва як харбуза аз 18 то 23 сомонӣ ба фурӯш бароварда шуда буд. Имрӯз бошад нархи як кило каду 1сомонию 20 дирам, як тарбуз 10- 15 ва як харбуза аз 15 то 18- 20 сомонӣ ба савдо бароварда мешавад. Маълум мегардад, ки фаровонӣ ҳам асоси паст шудани нархи маҳсулот набудааст. Пас ин чӣ аст? Ҳаннотӣ, беинсофӣ ва ё молучизпарастӣ, ки касе масъулиятро оид ба нарх ва нархгузорӣ ба зимма надорад .








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






