ТАРҒИБИ СОЛИМИИ ҶОМЕА
Файзобод,29 сентябр.(АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).—Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Гулмаҳмад Нуров, раиси ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар»-и ноҳияи Файзобод иттилоъ дод, аз моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи мазкур барномаи «Ёрии аввалин ва солимии ҷомеа» ба фаъолият шурӯъ намуд. Ин барнома аз ҷониби ҷамъияти «Ҳилоли Аҳмар»-и Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Кумитаи байналмилалии «Салиби Сурх»-и Финландия амалӣ мегардад. Бояд гуфт, ки барномаи мазкур тайи чанд соли охир дар водии Вахш ва вилояти Суғд амалӣ мегардад. Мақсади асосии барномаи мазкур тарғибу ташвиқи ёрии аввалини тиббӣ, солимии ҷомеа ва вазъи нигаҳдории тандурустӣ дар манотиқи кӯҳистони кишвар мебошад. Аз моҳи апрели соли равон сар карда, ҷамъият дар чор ноҳияи минтақаи Рашт, аз ҷумла ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара ва Файзобод барномаи кори худро идома дода истодааст.Гулмаҳмад Нуров афзуд, ки барномаи «Ёрии аввалин ва солимии ҷомеа» тӯли се сол, яъне солҳои 2010-2012 идома меёбад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






