ТАРКИШ ДАР «ДӮСТӢ» АМАЛИ ТЕРРОРИСТӢ НЕСТ

Сентябрь 6, 2010 11:55

Душанбе, 6 сентябр .  (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова) – Таркише, ки дар маркази дилхушии «Дӯстӣ»-и пойтахт рӯй дод, амали террористӣ нест, — хабар доданд ба АМИТ «Ховар», аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ. Манбаъ, ҳамчунин, иттилоъ дод, ки 5 сентябр соати 23.45 дақиқа дар маркази дилхушии «Дӯстӣ», воқеъ дар ноҳияи Фирдавсӣ таркиш рӯй дод, ки дар натиҷаи он 4 нафар ҷароҳати сабук гирифтанд. «Сабаби асосии таркиш амалҳои авбошонаи мизоҷони маркази дилхушӣ зимни истифодаи ашёи пиротехникӣ гаштааст»,-зикр намуд манбаъ. Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷинояти кушода шуда, тафтиш идома дорад.

Сентябрь 6, 2010 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад