ТАРКИШ ДАР ХУҶАНД
Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Субҳи имрӯз соати 8:05 дақиқа дар бинои шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таркиш ба амал омад. Тибқи маълумоти корманди шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккилонаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, бар асари ин таркиш зиёда аз 8 нафар ҷароҳати вазнин бардоштанд. Айни замон ҷасади 2 нафар дарёфт шудааст. Инчунин, манбаъ хабар дод, ки таркишро шахси номаълум дар автомашинаи сиёҳшиша, ки дар дохилаш маводи мунфаҷир дошт, анҷом додааст. Айни замон аз рӯи ҳодисаи мазкур корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ идома доранд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






