ТАШРИФИ ВАЗИРОНИ ЭНЕРГЕТИКАИ КИШВАРҲОИ УЗВИ ЭКО БА ДУШАНБЕ
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 1 октябри соли ҷорӣ вазирони энергетикаи Ҷумҳуриҳои Исломии Эрон Афғонистон, Покистон, Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон ва Ўзбекистон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи дуюми вазирони энергетика ва нафти давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки аз 29 сентябр то 1 октябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ташриф меоранд. 2 октябр ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар ин рўзҳо дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар назар аст. Ҳамчунин худи ҳамон рӯз намояндаи махсуси Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази дипломатияи боздоранда дар Осиёи Марказӣ ҷаноби Мирослав Енча ба мақсади анҷом додани мулоқот бо шахсони расмии ҷумҳурӣ бо Тоҷикистон сафар менамояд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






