ТЕЪДОДИ НОЗИРОН ДАР ИНТИХОБОТ МЕАФЗОЯД
Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 400 нозири байналмилалӣ ҷараёни интихоботи парлумонии Қирғизистонро, ки 10 октябри соли 2010 баргузор мегардад, мушоҳида мекунанд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мушовири Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Урмат Саралаев иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки нозирони байналмилалӣ аслан, намояндагони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд. Бо мақсади дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор намудани интихоботи парлумонӣ дар намояндагиҳои дипломатии Қирғизистон дар кишварҳои хориҷӣ 44 қитъаи овоздиҳӣ ташкил карда шудааст. Аз ҷумла, дар Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Душанбе 1 қитъаи раъйдиҳӣ ва дар Федератсияи Русия бошад 18 қитъаи овоздиҳӣ кушода мешавад. Дипломати қирғиз афзуд, ки дар интихоботи парлумонии Қирғизистон наздик ба 2 миллион аҳолии ин кишвар иштирок намуда, раъй медиҳанд. Алҳол, тарғиботи пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар идома дорад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






