ТЕЪДОДИ НОЗИРОН ДАР ИНТИХОБОТ МЕАФЗОЯД

Сентябрь 30, 2010 14:52

Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 400 нозири байналмилалӣ ҷараёни интихоботи парлумонии  Қирғизистонро, ки 10 октябри соли 2010  баргузор мегардад, мушоҳида мекунанд.  Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» мушовири Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Урмат Саралаев иттилоъ дод. Мавсуф афзуд, ки  нозирони байналмилалӣ аслан, намояндагони Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд. Бо мақсади дар сатҳи баланд ва шаффоф баргузор  намудани интихоботи парлумонӣ дар намояндагиҳои дипломатии Қирғизистон дар кишварҳои хориҷӣ 44 қитъаи овоздиҳӣ ташкил карда шудааст. Аз ҷумла, дар Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар Душанбе 1 қитъаи раъйдиҳӣ ва дар Федератсияи Русия бошад 18 қитъаи овоздиҳӣ кушода мешавад. Дипломати қирғиз афзуд, ки дар интихоботи парлумонии Қирғизистон наздик ба 2 миллион аҳолии ин кишвар иштирок намуда, раъй медиҳанд. Алҳол, тарғиботи пешазинтихоботии аҳзоби сиёсӣ дар ин кишвар идома дорад. 

Сентябрь 30, 2010 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!