ТОҶИКОН ТАҶРИБАИ ЭСТОНИҲОРО МЕОМӮЗОНАНД

Сентябрь 3, 2010 16:17

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 24 то 31 августи соли 2010 дар пойтахти Эстония – шаҳри Таллинн оид ба татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти идоракунии мақомоти давлатии маҳаллӣ семинар баргузор гардид. Дар семинари мазкур мутахассисону коршиносони технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон ширкат варзиданд. Иштирокдорони семинар дар Ҳукумат ва Парлумони Эстония, ҳамчунин дар маъмурияти шаҳри Таллинн бо тарзи идоракунии электронӣ, баргузории ҷаласаҳои ҳукумативу парлумонӣ шинос гардида, дар Маркази рушди шабакаҳои  давлатии иттилоотии «RIA» омӯзиш гузарониданд.             Дар баробари ин, иштирокдорони ин семинар намунаҳои корбарии «ҳукумати электронӣ»-ро, ки дар сохторҳои шаҳрдорӣ ва маҳаллӣ  фаровон истифода мешаванд, омӯхтанд. Лозим ба ёдоварист, ки дар Эстония истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар сатҳи баланд қарор дорад ва ин ҷумҳурӣ аз давлатҳое маҳсуб мешавад, ки «ҳукумати электронӣ»-ро дар ҳамаи зинаҳои идоракунӣ, аз ҷумла дар сохторҳои ҳокимият ба пуррагӣ ҷорӣ кардаанд.

Сентябрь 3, 2010 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад