«ТОҶИКСТАНДАРТ» УЗВИ ISO ГАРДИД

Сентябрь 15, 2010 12:00

          Душанбе, 15 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Агентии «Тоҷикстандарт» дар ҷаласаи навбатии Ассамблеяи генералии Созмони байналмилалӣ доир ба стандартизатсия (ISO) узви  ин созмони мӯътабар гардид. Ҷаласаи созмони мазкур дар пойтахти Норвегия шаҳри Осло баргузор гардида, дар он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини директори Агентии «Тоҷикстандарт» Бахтиёр Шукуров иштирок кард. Дар ҷаласа дар ҳузури 350 нафар намояндагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон, таҳти чапакзании бардавом Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ  пазируфта шуд. Аз ин рӯ, Агентии «Тоҷикстандарт»  имкон дорад, ки бисёр масъалаҳои марбути соҳаро  дар сатҳи байналмилалӣ  озодона ҳаллу фасл  намояд. Шомил шудани Агентии «Тоҷикстандарт»  ба ISO шаҳодати некест аз  дастовардҳои даврони соҳибихтиёрии  Тоҷикистон. Ба андешаи сардори маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» Мирзовалӣ Абдуллозода, шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ISO заминаи мусоидеро баҳри пазируфта шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Савдо фароҳам меорад.

Сентябрь 15, 2010 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад