ВАЗИРИ НЕРӮИ ЭРОН БА ДУШАНБЕ МЕОЯД
Душанбе, 28 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷиди Номҷӯй 30 сентябр ба Тоҷикистон меояд. Назар ба иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусайн Ширхонӣ, ҳадафи сафари Номҷӯй ба Тоҷикистон иштирок дар ҷаласаи 8-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эрон аст, ки рӯзҳои 29-30 сентябри соли равон дар Душанбе баргузор мегардад. Ҳамзамон, Ширхонӣ афзуд, ки зимни сафари худ вазири нерӯи Эрон Маҷиди Номҷӯй бо роҳбарият ва намояндагони баландпояи мақомоти Тоҷикистон дидору мулоқот намуда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Эронро баррасӣ хоҳад кард. Дар сафар Номҷӯйро ба Тоҷикистон намояндагони мақомоти давлатию бахши хусусӣ ва роҳбарони ширкатҳои Эрон, ки дар иқтисодиёти Тоҷикистон, бахусус, иншооти муҳими стратегии Тоҷикистон саҳмгузоранд, ҳамроҳӣ менамоянд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






