ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ СОҲИБИ КИТОБХОНА МЕШАВАД

Сентябрь 3, 2010 13:49

Душанбе, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи 2010 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани вазифаҳои ба зиммадоштааш, аз ҷумла бо мақсади иҷрои қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати ҶТ ва қарору фармонҳои Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ корҳои назаррасро анҷом додаст. Аз ҷумла, Лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ба баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардида, ҷиҳати иҷрои «Барномаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» қабул гардид. Дар доираи ин барнома, бо мақсади таъмини заҳматкашони ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки бо ордену медалҳо сарфароз гардидаанд, бо имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳо дар баробари иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробар карда шуда, айни ҳол  1788 нафар заҳматкашони ақибгоҳи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз имтиёз ва ҷубронпулиҳо дар баробари иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ истифода мебаранд. Дар асоси Нақшаи муштараки Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Ташкилоти байналмиллалии СММ — ЮНИСЕФ нақшаи кории семоҳаи вазорат барои моҳҳои июл, август, сентябри соли 2010 таҳия ва қабул гардид. Тибқи ин нақша барои дуруст ба роҳ мондани  масъалаи хизматрасонии иҷтимоӣ, оила ва кӯдак 8 ноҳияи таҷрибавӣ муайян гардид. Инчунин, бо дастгирии Ташкилоти ҳамкориҳои техникии Олмон дар вазорат китобхона таъсис дода шуд, ки дар ҳоли анҷомёбӣ мебошад.

Сентябрь 3, 2010 13:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Синои шаҳри Душанбе ва донишгоҳҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Силсилаи HUAWEI Pura 80: Имконоти нав дар аксбардории мобилӣ
Сафири Тоҷикистон бо дабири кулли Бунёди шоҳии гуманитарии Баҳрайн мулоқот намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон барои беҳтар гардидани сифати алоқа ва интернет 811 истгоҳи базавӣ насб карда шуд
24 июл дар мақомоти иҷроияи ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Синои шаҳри Душанбе ва донишгоҳҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Саридораи геология ба 68 хоҷагӣ ва 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсия додааст, ки ба маконҳои бехатар кӯч банданд
23 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ доир мешавад
Имсол дар истироҳатгоҳи «Дурахшон» 260 нафар кӯдакону наврасон фароғат менамоянд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон баргузор мегарданд