ЗАБОН РУКНИ БУНЁДИИ ДАВЛАТ
Душанбе, 30 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»-и Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи забон бо узви Шӯрои насри Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ Сайидаҳмади Зардон ва узви Конфедератсияи иттиҳоди рӯзноманигорон Холиқ Расулов вохурӣ баргузор гардид. Дар мулоқот бо олимону коршиносони пажӯҳишгоҳ зикр гардид, ки дар замони истиқлолият забони модарӣ, ки рукни бунёдии давлату миллат, илму фарҳанги мо ба ҳисоб меравад, бояд аз ҳар ҷиҳат рушду нумӯъ ёбад. Олимон изҳор доштанд, ки имрӯз дар замони пуртаззод ва рушдёбандаи ҷаҳонишавӣ ин раванд ба хатари воқеӣ табдил меёбад. Барои пешгирии чунин равандҳои номатлуб омода будан шарт ва зарур аст. Набояд фаромӯш кард, ки ҳурмати забон ҳурмати модар аст, ҳурмати Ватан ифтихори давлатдорӣ аст. Дар айни замон таъкид гардид, ки дар замони рушди пуравҷи илму техника, технологияи нав, алалхусус технологияҳои иттилоотӣ ва қувват гирифтани равандҳои ҷаҳонишавӣ бе омӯзиши забонҳои хориҷӣ, алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ тайёр кардани мутахассисон ва коршиносон ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи ҷаҳонӣ, афзудани сарватҳои моддию маънавӣ ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар миёни кишварҳои пешрафтаи дунё хеле мушкил мебошад. Бо ин мақсад ба омода намудани олимону мутахассисони ҷавони забондон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кардан аз манфиат холӣ нест. Дар фарҷоми мулоқот дигар олимону коршиносон перомуни рушду таҳкими забони модарӣ андешаронӣ намуда, пораҳои шеърӣ қироат намуданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






