ҚОҲИР РАСУЛЗОДА: ЗИМИСТОНИ СУҒД ГАРМ МЕШАВАД, ЗЕРО ОМОДАГӢ ХУБ АСТ

Октябрь 22, 2010 14:25

Хуҷанд, 22 октябр. (АМИТ "Ховар", Санавбар Мақсудова).- Қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарони шаҳру навоҳии  вилояти Суғд мавқеи мақомоти давлатии ҳокимияти вилоятро  мустаҳкам намуд ва он имкон медиҳад, ки камбудиҳои мавҷуда дар ҷойҳояшон ҳалли пурраи худро ёбанд,-гуфт раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.    Хабарнигорон ба бисёр масъалаҳои марбут ба ҳаёти вилоят мароқ зоҳир намуданд, аз ҷумла ба натиҷаи қабули шаҳрвандон дар ҷойҳо, оид ба сари вақт нарасидани  рӯзномаю маҷаллаҳо  ба обуначиён, дар мавриди таъмини сокинони вилоят бо нерӯи барқ дар давраи тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ, дар мавриди фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта  вобаста  ба  баланд шудани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ, пиромуни вазъияти нохуби  васоити ахбори оммаи мустақил дар шароити имрӯза ва дигар масъалаҳо. Вобаста ба фаъолияти намояндагии Департаменти давлатии «Почтаи Тоҷикистон» дар вилояти Суғд Қоҳир Расулзода  изҳор намуд ки  ба наздикӣ роҳбарияти онро иваз намуданд ва  ба муштариён расонидани  ҳафтаномаю маҷаллаҳо   бояд дар оянда беҳтар гардад.           .             «Бояд иқрор шуд, ки кори идеологии мо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст ва мо бояд инро дар муддати кӯтоҳ ислоҳ намоем.  Онҳое, ки аз сифати ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ норозианд, метавонанд ба ман тариқи почтаи электронӣ муроҷиат намоянд», гуфт   Қоҳир Расулзода дар ҷавоб  ба саволи рӯзноманигорон.     Барои рушди соҳаи энергетика Ҳукумати кишвар барномаи махсус қабул намудааст. Дар чаҳорчӯби  ин барнома дар шимоли кишвар на танҳо иншооти калони энергетикӣ, ба монанди хати баландшиддати барқӣ ва  зеристгоҳҳои  нав, балки нерӯгоҳҳои хурди обию барқӣ низ   сохта мешаванд. Соли 2009 дар вилояти Суғд 9 нерӯгоҳи хурди барқӣ  сохта шудааст. Дар соли 2010 ба истифода додани 8 нерӯгоҳи хурд, ки ҳамаи онҳо дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҷойгиранд, дар назар дошта шудааст.  Ба  андешаи раиси вилоят боло рафтани нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ набояд ба ширкатҳои коркарди пахта таъсири худро расонад.  Зеро  ин ширкатҳо бо хоҷагиҳо ҳанӯз дар аввали сол шартномаи тарафайн ба имзо расонидаанд ва  бандҳои  он аз ҷониби ҳар ду тараф бояд пурра  иҷро гарданд.  «Кохи матбуот"-ро мо ҳам барои матбуоти давлатӣ ва ҳам барои матбуоти ғайридавлатӣ бунёд намудаем. Дар ин маврид нашриёт ва рӯзноманигорон бояд  ҳамдигарфаҳмӣ намоянд.Зеро ҳамаи онҳо як  вазифа доранд- нишон додани ҳаёти мардум ва  норасоиҳои он»,- гуфт дар  ҷавоби суоли рӯзноманигорон раиси  вилояти Суғд Қоҳир Расулзода.      

Октябрь 22, 2010 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд