ҲИМОЯТ АЗ ҲУҚУҚҲОИ МУҲОҶИРОН
Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти намояндагони Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоӣ оғоз шуд. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров онро қадами устуворе ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию иҷтимоӣ миёни ин кишварҳо арзёбӣ кард. Вай иброз дошт, ки бояд Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС дар ҳалли масъалаи вобаста ба муҳоҷирини меҳнатӣ иқдоми ҷиддиро рӯи даст бигирад ва дар мавриди ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирини меҳнатӣ талошҳои муассирро анҷом диҳад. Хусусан Ш. Зуҳуров фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои Русия ва Қазоқистонро афзалиятнок арзёбӣ кард. Дар нишаст, котиби масъули Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС оид ба сиёсати иҷтимоӣ Петр Зверов иброз дошт, ки баргузории нишаст дар кишвари офтобии Тоҷикистон дар мавриди қабули қарорҳои вобаста ба ҳалли мушкилоти байни кишварҳои аъзои он нақши муассир мегузорад. Иштирокдорони нишаст масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва соири масоили муҳими равобити ҳасанаи кишварҳои аъзои ЕврАзЭС-ро баррасӣ карданд.








Камтар гап мезанем, бештар менависем: чӣ гуна завқи муштариён тағйир меёбад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






