ҲОШИМИЁН АЗ «САНГТӮДА-2» БОЗДИД КАРД
Душанбе, 20 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Cафари ҳайати намояндагони парлумони Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Раиси комиссияи амнияти миллии Маҷлиси Шӯрои Исломии ин кишвар Ҳусейн Ҳошимиён дар Тоҷикистон идома дорад. Зимни сафари худ ба Тоҷикистон Ҳусейн Ҳошимиён бо роҳбарони мақомоти баландпояи Тоҷикистон, аз ҷумла Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров, вазири энергетика ва саноати ҷумҳурӣ Гул Шералӣ, вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Тоҷикистон Раҳмат Бобокалонов мулоқот намуда, вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои парлумонӣ, энергетикӣ ва бахши мелиоратсияро баррасӣ карда, барои тавсеаи ҳамкориҳои муфид пешниҳодҳои судманд баён кард. Ҳадафи сафари Ҳ.Ҳошимиён ба Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои парлумонӣ ва иқтисодӣ аст. Ӯро дар ин сафар коршиносони вазорати нерӯи Эрон низ ҳамроҳӣ менамоянд. Ҳошимиён зимни сафараш ба Тоҷикистон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар НБО «Сангтӯда-2» шинос гардид.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






