ҲУНАРИ МӮЪҶИЗАОФАРИ ТОҶИКОН ДАР ШВЕТСАРИЯ
Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). — Чанде қабл, чун ҳамасола бо ташаббуси шаҳрдории Вил Делмонти Швейтсария ва радиои хусусии Espace 2 Фестивали мусиқии фолклорӣ баргузор гардид, ки дар он бо мадади Бунёди Оғохон як гурўҳи панҷнафара аз Тоҷикистон низ иштирок намуд. Иштирокчиён тайи ду рўз маҳорати ҳунарии хешро дар ҳавои ашъори Ҷалолиддини Балхӣ ва фалакиёти шифоҳӣ пешкаши ҳаводорон гардониданд. Ҳамватанони мо дар Фестивал, инчунин, асбоби халқӣ ва намунаҳои гуногуни либосҳои мардумиро низ ба намоиш гузоштанд, ки писанди тамошобинони бешумор гардид. Созмондиҳандагони Фестивал аз тамошои ҳунари мўъҷизаофар ва либосҳои зебою асбоби мусиқии тоҷикон ба ваҷд омада, ба ин гурўҳи мумтоз офарин гуфтанд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






