ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ ДРАМАНАВИСОН

Октябрь 19, 2010 15:57

Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Аз 12 то 14 октябри соли равон бо иштироки коргардонҳо, ҳунармандон ва мунаққидони театрӣ дар Вазорати фарҳанг ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии драманависон доир гардид. Пас аз баҳсу муҳокимарониҳо ҳайати Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг ва иштирокчиёни Озмун ба қарор омаданд, ки ба ҷоизаи аввали озмун, ки аз 2 000 доллари ИМА иборат аст, ягон асар лоиқ нест. Ҷои дуюм тариқи овоздиҳии кушода ба драмаи «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-и Иброҳим Усмонов ва Абдуҳафиз Қодиров бо маблағи 1 500 доллар сазовор дониста шуд. Ҷои сеюм бошад, ба песаи «Тулӯъ. Муколамаҳои академик»-и Абдуғаффори Абдуҷаббор бо маблағи 1000 доллар дода шуд. Барои асарҳои «Моҷарои ишқ»-и Садри Умар ва «Дуо диҳед, қиблагоҳ»-и Шодӣ Солеҳ мукофоти ҳавасмандкунӣ дар ҳаҷми 500 долларӣ тақдим гардид.  Ёдрас мешавем, ки Вазорати фарҳанг Озмуни ҷумҳуриявии драманависонро бахшида ба 20 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2009 то 1-уми октябри соли 2010 бо мақсади дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир эълон намуда буд. Тайи 18 моҳ аз ҷониби адибони тоҷик ба унвони Вазорати фарҳанг 14 асар пешниҳод шуда буд, ки пас аз баррасӣ дар Шӯрои бадеии вазорат ба даври ниҳоӣ 9 асар роҳхат гирифт.

Октябрь 19, 2010 15:57

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид