А. САБЕР: «ТАҶРИБАИ ДУШАНБЕ ОМӮЗАНДА АСТ»

Октябрь 7, 2010 11:12

      Душанбе, 7 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Сидова).-Масъалаи тақвияти муносибатҳои мутақобила оид ба ҳимояи ҳуқуқ ва ташкили шароити зарурӣ барои гурезаҳо зимни мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо роҳбари намояндагии Раёсати минтақавии Комиссари Олии Созмони Милали  Муттаҳид оид ба умури паноҳандагон дар Осиёи Марказӣ Азам Сабер дар Душанбе баррасӣ  гардид.         М. Убайдуллоев нақши сохтори бонуфузи СММ-ро дар суботи ҷомеаи тоҷикон ва ба эътидол овардани вазъи муноқишавии кишварҳои даргир нек арзёбӣ кард.          Мусоҳибон, ҳамзамон ба масъалаи баргузории ҷаласаи мизи мудаввари Комиссари Олии СММ дар умури паноҳандагон, ки дар мавзӯи «Проблемаҳои муҳоҷирати омехта дар Осиёи Марказӣ» нимаи аввали моҳи ноябр дар шаҳри Остона баргузор мешавад, дахл намуданд. Зикр шуд, ки интихоб ва баррасии мавзӯи мизи мудаввар ҷавобгӯи ниёзҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, он ба ҳалли проблемаҳои гурезагон, ки дар низоми ҳамзистии ҷаҳонӣ бар асари даргириҳо бе сарпаноҳ мондаанд, нақши муассир хоҳад гузошт.         Азам Сабер таъкид  кард, ки таҷрибаи шаҳри Душанбе дар ҳалли мушкилоти паноҳандагон миёни пойтахти  кишварҳои Осиё Марказӣ омӯзанда буда, он барои истифодаи дигар кишварҳои аъзои СММ мавриди пажӯҳиш қарор дода мешавад.

Октябрь 7, 2010 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад