АНҶОМИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИИ РУСИЯ

Октябрь 11, 2010 16:51

Душанбе, 11 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-  Тавре  аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг  иттилоъ доданд, 9 октябр ҳайати оркести асбобҳои халқии Русия бо роҳбарии  Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Русия Дмитрий Дмитриенко ва сарояндагони Рӯзҳои фарҳангӣ дар Тоҷикистон ба шаҳри Турсунзода сафари ҳунарӣ намуданд. Меҳмонон аз ҷониби сокинони шаҳри Турсунзода хуш қабул гардида, қабл аз оғози барномаи консертӣ ҷиҳати шиносоӣ бо ин шаҳри саноатӣ аз осорхонаи КВД «Алюминйи тоҷик» ва яке аз боғҳои калонтарини ангур дидан карданд.  Таваҷҷӯҳи меҳмононро бештар ангурбоғҳои шаҳри Турсунзода ба худ ҷалб намуда, онро як мӯъҷиза хонданд. Ҳамчунин, дар  назди меҳмонон ансамбли наврасони  рубобнавози назди корхонаи алюминий ва ансамбли шашмақомхонони шӯъбаи фарҳанги шаҳри Турсунзода бо як барномаи хурди  консертӣ ҳунарнамоӣ карданд, ки ҳар  як асбоби мусиқӣ ва сурудҳои миллии тоҷикӣ диққати меҳмонони русиягиро ба худ ҷалб намуд. Роҳбари оркестри созҳои халқии Русия Дмитрий Дмитриенко пас аз барномаи консертӣ бо аҳли ҳунари тоҷик дар мавриди ҳар як асбоби мусиқӣ сӯҳбат доир кард.   Бояд гуфт, ки барномаи консертии ҳунармандони рус дар Кохи фарҳанги шаҳри Турсунзода дар сатҳи  баланд доир гардида, ҳар як баромади онҳоро мардум бо кафкӯбиҳои бардавом пешвоз гирифтанд. Ёдовар мешавем, ки шоми 10-уми октябр Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ботантана ҷамъбаст гардида, субҳи имрӯз-11 октябр меҳмонон ба ватани хеш баргаштанд.

Октябрь 11, 2010 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад