АНДЕШАЕ ЧАНД ДАР БОРАИ МУСУЛМОНИИ МО

Октябрь 25, 2010 13:50

Барҳақ аст он ҷо, ки ҷаҳолат ҳукмрон шуд, хирад рў ба таназзул мениҳаду ҷомеа пойбанд бар касодии ақлу ҳукмравоии ҷоҳил, фиреби маккору зерипошавии адолат, хории илм ва суханпардозиҳои кўрсаводон мегардад. Ва фозили давр  инро дида ба дод меояд, ки:             Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд, Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд. Хар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ, Ҳар к-ў на хар аст, кофираш мехонанд. Асрҳо аз иншои ин сатрҳо паси сар шудаасту мо ҳеҷ наметавонем гиребони худро аз чанголи гирои маризони ин «фарти харӣ» раҳо созем. Беш аз 70 сол домангир аз империяи шўравӣ буданд, ки ҷомеаи бединонро эъмор кардаасту мардумро аз ибодату парастиши Худованд дур. Чун ба Истиқлол расидем, сараввал шукр гуфта онро неъмату атои Худовандӣ қабул доштанд, вале андаке нагузашта боз ҳамон «фарти харӣ» ақлҳояшонро тира сохту фирефтаи чанд душмани бадбину нотавонбини дохилию хориҷӣ гашта, бар зидди ин неъмат қиём бардоштанд, алайҳи бародарони мусулмони худ «ҷиҳод» эълон карданд. Дар натиҷа, бародар хуни бародар, мўъмин хуни мўъминро бар замин рехт. Хушбахтона тақдири ин миллат бо фарзандони солеҳу фарзонааш решаи ногусастание дорад ва онҳо нигаҳдории миллату давлатро аз аламу қаҳру ғазабу итобҳои инфиродӣ боло гузошта, душмани ҳаммиллати худро ҳамчун бародар дар канори худ қарор дода, аз нав ба хиштгузории бинои  давлати ягонаи Тоҷиконро шурўъ карданд. Инак чанд соле мешавад, ки ин миллат бо ҳама камбуду ноқисиҳои иқтисодию иҷтимоӣ, арзу вуҷуди фасоду дуздию ришваситонӣ дар  риштаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, истиқлолияти худро маҳфуз медорад ва пай дар пай ҷониби расидан ба зиндагии мураффаҳу осудатар гом мезанад. Вале мутаассифона, боз ҳамон «фарти харӣ» пуштопуштамон равона аст ва сари ҳар қадам кўшиш дорад аз мо гузашта пешпоие занад ва моро боз ба ҳамон «кўҳнасарои» даврони Хайёми бузург баргардонад. Озодиеро, ки Истиқлолият бароямон додааст, ҳар касе дар шакли дилхоҳаш барои худ пазироӣ намуд. Қисмате ҳаёти манфиати шахсии худ ва оилаашонро канор гузошта, софдилона ва бо умеду боварӣ нисбати фардои дурахшон дар хизмати давлату миллат мебошанд. Қисмати дигаре роҳи тиҷорат ва пайдоиши дигар манбаъҳои рўзгузаронии худро интихоб карданд. Иддае бо сиёсат сар ба сар шуданду гурўҳе пешвоии мардумро дар нозуктарин падидаи ҳаёти ҷомеа – дину руҳоният интихоб карданд, ки дар ин матлаб сухан танҳо дар бораи эшон аст. Тавре болотар изҳор шуд, зиндагӣ дар ҳайати давлати абарқудрати Шўравӣ дар баробари бартариятҳо аз норасоиҳо орӣ набуд ва  якеаш дур мондани қавму миллатҳо аз аслу дини хеш буд. Дар натиҷа, бисёре аз мардум, аз донистани аркону аҳкоми дини ислом дур монданд ва танҳо гурўҳҳои кўчак, шахсони алоҳида шариати исломро аз волидайн, хешу табор, ё муллоҳои шинос омўхта буданду халос. Аҷибаш ин аст, ки аксари онҳо  маълумоти олии дунявӣ нагирифтаанд ва ин масъала метавонад мавзўи баҳси алоҳида бошад. Чун шўравӣ суқут кард ва билохира ба Истиқлолият расидем, тоифае, ки бо ислом ошноии нисбӣ доштанд, худро дар назди мардуми бесавод мавлавӣ ва уламои ислом муаррифӣ карданд, гарчанде ба истиснои баргардонии алоҳида таълифоту китобҳои мусулмонӣ аз хатти арабӣ ба тоҷикии кирилӣ (бо иштибоҳоти сартосарӣ), дар мавзўъоти исломӣ матлабе иншо накардаанд, ки аз ҷониби  доираҳои маъруфи исломӣ пазируфта шуда бошад. Бо гузашти чанд соли ахир, ҷавонону наврасони зиёде бо роҳҳои расмию ғайрирасмӣ ба кишварҳои мухталифи исломии минтақа сафар намуда, дар ҳар гуна мадорису таълимгоҳҳо дарси ислом гирифтанд. Дур мондани аксарияти онҳо аз тадрис дар мактабҳои маъмулии миёна, надоштани таҳкурсии ақаллан сатҳи ибтидоии донишҳои дунявӣ ё исломӣ ба он мусоидат кард, ки ин гурўҳ дар камтарин муддат таҳти таъсири мударрисони хориҷӣ қарор гирифта, ба ҷараёну равияҳои мазҳабии барои тоҷикон бегона бигараванд. Баъзе аз онҳо ба фиреби расидан ба шаҳодат дар роҳи ҳак дода шуда, шомили гурўҳҳои террористӣ ва ифротгаро гардиданд. Дигарон аз ҳар кишваре равишу усулҳои хоси иҷроиши шариати исломиро аз нигоҳи ҷараёну мазҳабҳое монанди «Салафия»-ю «Аҳмадия», «Ҳизб-ут-Таҳрир»-у шиаву ғайраҳо бо худ оварда, ҷомеаи динии моро махлуту бо тафаккури ифротгароёна олуда сохтанд. Миёни ҳам мубоҳисаҳои динии беҳуда ва бемаънӣ, ҳақорату таҳқирро оғоз карданд ва агар мақомоти марбутаи кишвар чораҷўи намекарданд, аллакай ба ҷангҳои тан ба тан ва инфиҷори масоҷиди якдигарӣ мепардохтанд. Аз баҳсҳои онҳо боз бўйи ҳамон «фарти харӣ» меояд, ки «ҳангоми адои намоз даст бояд чӣ гуна бардошта шаваду пой бояд дар куҷо бошад», «куҷо овози баланд ҳалол асту куҷо макрўҳ» ва монанди онҳо. Азбаски донишу фазилати «уламои исломӣ»-и тоҷик дар ҳамин сатҳ аст, баҳси онҳо низ дар доираи ҳамин масъалаҳои оммиёна сурат мегирад, на ин ки дар доираи масъалаҳои умдаи қуръонӣ. Агар ин «фарти харӣ» намебуд, онҳо дар асри 21, дар асре, ки чунин олимони маъруфи ислом Юсуфи Қарзовию Абдулҳасани Надавӣ, Аллома Зуҳайлию Муҳаммадсолеҳи Пурдил ва дигарон сари масоили мубрами қуръонӣ бо мухолифини худ баҳс доранд,  чунин масъалаҳои соддаи ҳаётиро монанди ҳиҷобу ришу фашу аммомаю эзор барои худ масъалаи рақами аввал намекарданд. Мақсад аз ҳиҷоб як аст. Аз ҷомеа дур  намудани зан, ба канизаки фармонбардор табдил додани ў. То ки дую сею чаҳор зан гиранду ў хомўш бошад. Магар ин боз ҳамон «фарти харӣ» нест? Дар чунин кишварҳои исломие монанди Эрону Туркия, ки дар рушду тараққӣ ба абарқудратҳои ҷаҳони Ғарб дар муқобилиятанду исбот месозанд, ки дини мубини ислом ҳам метавонад ба пешрафту тараққии ҷомеа мусоидат кунад, зан ҳатто сарнишини  ҳавопаймост, дар мо бошад, кўшиш доранд ўро бо пайравӣ аз Афғонистони тўъмаи ҷангу ҷаҳолат гашта, боз дар кунҷи узлату торикӣ ҷой кунанд. Ин тўдаи гумроҳ, мусулмониро дар тақлиди либоспўшӣ ба кишвари аз маданият дурмондаи ҳамсоя мебинанд, ки «пираҳантумбон» дар танаш ҳафтаҳо оби гарму собунро намебинад ва бўйи арақи қабат-қабат хушкидааш даҳҳо метр дуртар ба машом мерасад. Ҳазрати Расули Акрам ҳамеша аз пайравонаш покию озодагии ботинию зоҳириро тақозо мекард. Итминони комил дорам, ки агар дар аҳди ў чунин либосҳои шинами ҳозиразамон ва дастгоҳҳои ришу мўйсартарошӣ мавҷуд мебуданд, бандагонашро ба он даъват мекард, ки худро ба дараҷае оростаю пероста нигоҳ доранд, ки тамоми пайравони динҳои дигар ба онҳо ҳасад баранд. Ҳоло чӣ? Аксарият мусулмониро дар риши шонанадидаи рухсораро ниҳонкарда, ки ҷангали пурхасухорро мемонад ва эзори почабардошта мебинанд. Онҳо ба ҷои он, ки дар қалби пайравони дигар дину  ойин ҳисси меҳру муҳаббатро нисбати дини мубини ислом бедор созанд, бо ин  чеҳраи  ғашовар  дар дили бинанда кароҳату нафратро ба вуҷуд меоранд. Чанде пеш дар расонаҳои маҳаллӣ матлаберо хонда будам, ки як гурўҳи варзишгарони итолёӣ дар Душанбе қариб як моҳ бо дастаи варзишгарони тоҷик машқҳои якҷоя анҷом додаанд. Онҳо рафтору гуфтор, тамринҳои ҷисмонӣ ва риояи урфу одатҳои мусулмониро аз ҷониби варзишгарони тоҷик дида, тамоми гурўҳ исломро қабул намуда, ба Ватани худ баргаштанд. Чӣ чизе онҳоро ба ин иқдом талқин кард? Сабабаш бадани тануманди зебои ҷавонмардона, рўи покиза аз мўю пашми изофӣ, либоси озодаю шинам ва парастиши Худованд бидуни ғаразу сиёсат. Боварии комил дорам, ки агар ин итолиёиҳо боре ба намози ҷамоа дар масоҷиди Душанбе мерафтанд, ин тўдаҳои ришпарастро бо эзорҳои почабардоштаашон дида фарсахҳо аз ислом мегурехтанд!  Имрўз гоҳе, ки  тавассути ВАО дар хусуси аз дигар дин ба ислом гароидани ягон варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ, ҳунарманди шинохта ва сиёсатмадори маъруф мешунавем ё мехонем, ҳар яки моро ифтихор аз мусулмон будан ду сару гардан боло мебарад. Вале мо ба ин ҳақ надорем. Зеро ин шахсро ҳатман як  мусулмоне намунаи ибрат шудааст, ки бо сару либоси мақбул, саводу дониши мувофиқи ҷаҳони муосир, ақлу идроки ҳамидаи исломӣ, таҳаммулпазирию сабурии мусулмонона  атрофиёни худро тасхир намудааст. На бо «пероҳантумбон», ки аслан либоси занон аст ва риши то миёну шиору даъватҳои моҷароҷўёна. Ҳар куҷое, ки ин падидаҳо роҳ ёфтанд, ислом хор  гашту мусулмон залил! Аз ин хотир, ҳанўз, ки дер нашудааст, мо бояд «фарти харӣ»-ро аз вуҷуди худ дур  кунем, исломро дар ақлу дили худ ҷой кунем на дар ришу почаи эзори болокашида, ки худнамоие беш нестанд, дониши муосири дунявиро аз худ кунему ҳамқадами дигар сокинони пешрафтаи сайёра пешрафт кунем. Танҳо ҳамон вақт метавонем мусулмони комил бошему номбардори ҳақиқии Ислом. Ҷамшеди Ҳасан, рўзноманигор           

Октябрь 25, 2010 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад