АНДОЗАИ МИЁНАИ МУЗДИ МЕҲНАТ 20,8 ФОИЗ ЗИЁД ШУД
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, дар натиҷаи татбиқи стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҶТ сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ тамоюли устувори пастшавиро касб намуда, охири соли 2009 сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ то 46 фоиз коҳиш ёфт. Дар натиҷаи як қатор тадбирҳои андешидаи Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоюли афзоиши устувори андозаи музди миёнаи меҳнати кормандон таъмин шуда, ба ҳолати 1 –уми августи соли ҷорӣ аз 285 сомонӣ (дар соли 2009) ба 345 сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20, 8 фоиз зиёд аст. Аз ҷумла, музди миёнаи меҳнати кормандон дар вилояи Суғд аз 203 ба 249 сомонӣ, дар вилояти Хатлон аз 196 ба-226, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз 294 ба -341, дар ВМКБ аз 242 ба -319 ва дар шаҳри Душанбе аз 530 ба 671 сомонӣ расонида шудааст. М. Маҳмада минов вобаста ба беҳ шудани вазъи нафақа ва зиёд шудани шумораи нафақагирон дар конфронси матбуотӣ изҳор намуд, ки ба ҳолати 1 –уми июли соли 2010 дар ҷумҳурӣ теъдоди умумии нафақагирон 526 ҳазору 381 нафарро ташкил дод, ки маблағи умумии якмоҳаи нафақапулиҳо 52 млн. 814 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар 3 соли охир теъдоди нафақагирон 35 ҳазору 604 нафар зиёд гардидааст, ки талаботи якмоҳаи нафақапулӣ 52 млн. 814 ҳазор сомониро дар бар мегирад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






