АСОСИ БОЛОРАВИИ НАРХ ЧИСТ?

Октябрь 13, 2010 11:53

Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, то 1- уми сентябри соли 2010 дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагӣ зиёд  шудани саршумори чорво ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар давоми моҳҳои январ – августи соли ҷорӣ саршумори ҳайвоноти калон ба               1 млн. 864 ҳазору 700 сар расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 — 51,4 ҳазор сар ё 2,8 фоиз зиёд аст. Саршумори моли майда — (бузу гӯсфанд) дар ин давра   4 млн. 446 ҳазору 739 ҳазор сар зиёд гардидааст, ки аз ин 349 ҳазор сар ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ, 476 ҳазор сар ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва 3 млн. 641 ҳазор сар  ба хоҷагиҳои аҳолӣ  рост меояд.             Дар баробари ин,  соҳаи паррандапарварӣ низ ривоҷ ёфта, саршумори он дар ҳамаи шаклҳои хоҷагӣ (ҷамъиятӣ, деҳқонӣ ва аҳолӣ) ба 4 млн. 284 ҳазору 134 сар расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 440 ҳазору 592 сар зиёд мебошад ва ҳамаи ин боиси таҳсин аст, ки дар як муддати кӯтоҳ соҳа хуб рушд намудааст. Тарафи дигари масъала ин аст, ки бо вуҷуди дар соли 2009 кам будани саршумори ҳайвонот нархи 1 кг гӯшти гов дар бозорҳои кишвар 16 сомонӣ, гӯшти  бузу гӯсфанд мутаносибан 17 – 18 сомонӣ ва гӯшти парранда 9 сомонӣ ба савдо рафт.   Соли ҷорӣ бо зиёд шудани саршумори ҳайвонот нархи 1кг гӯшти гов дар бозор 22 сомонӣ, бузу гӯсфанд 24 -26 сомонӣ ва гӯшти парранда ба 16 сомонӣ баробар шуд.   Саволи матраҳ  ба роҳбарони соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти гӯштии    кишвар ин аст, ки агар афзоиши истеҳсолот боиси баланд рафтани нархи истеҳсолӣ мешуда бошад, пас зарурати  афзоиши  он    чӣ лозим аст?  

Октябрь 13, 2010 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид