БА ТОБЕИЯТИ КУМИТА ОИД БА КОРҲОИ ДИН ДОДА ШУДАНД
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҳоле 99 фоизи аҳолии кишварамон пайрави дини мубини исломанд, арҷгузорӣ ба он ҳамчун сарчашмаи бузурги ахлоқию маънавӣ як амри муқаррарист. Аз таъсиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (3 майи соли 2010) вақти чандон зиёд нагузашта бошад ҳам, дар самти таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон бо озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, риояи қонунҳои ҶТ корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Боис ба ёдоварист, ки бо Фармони Президенти ҶТ аз 21 майи соли 2010 Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ аз тобеияти дастгоҳи мазкур ба тобеияти Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҶТ дода шудааст. Бо мақсади тақвият бахшидани муносибатҳои соҳаи идораи дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ба қарори Ҳукумати ҶТ аз 29 майи соли 2010 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3 майи соли 2010 тағйиру иловаҳо ворид шуда, Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам — Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит» ба тобеияти кумитаи мазкур гузаронида шудааст. Дар сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе «Шӯъба оид ба корҳои дин», дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ «Бахш оид ба корҳои дин» ва дар сохтори мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот «Сармутахассис оид ба корҳои дин» дар доираи воҳидҳои корӣ ва фонди музди меҳнатии тасдиқшудаи онҳо таъсис дода шудааст. -То 1 октябри соли 2010 дар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин 3350 масҷиди панҷвақта, 327 масҷиди ҷомеъ, 27 масҷиди ҷомеи марказӣ, 74 иттиҳодияҳои динии ғайриисломӣ, 1 ҷамоатхона (дар ноҳияи Қумсангир) ба қайд гирифта шудааст,- иброз дошт муовини раиси Кумита оид ба корҳои дини назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Мавлон Мухторов ҳини баргузории конфронси матбуотӣ ба хабарнигорони дохилу хориҷи кишвар. Ҳамзамон дар конфронс аз он изҳори ақида шуд, ки дар асоси қисми 3-и моддаи 4 -и Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» дар назди 70 идораю вазоратҳо, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои ҷумҳуриявӣ ва ҳамаи мактабҳои олии кишвар комиссияҳои ҷамъиятӣ амал мекунанд ва сокинони ҷумҳурӣ аз фаъолияти онҳо қаноатманданд. Кумита дар кори баргардонидани донишҷӯёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда, ки худ ин мактабҳои диниро берун аз квотаи барои ҷумҳурӣ муайяншуда интихоб кардаанд, чораҳои таъҷилӣ меандешад,- иброз намуд М. Мухторов.