«БЕҲСОЗИИ САТҲИ ЗИНДАГӢ ДАР ХАТЛОН»
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (ББРК -IFAD) ҷиҳати ҷудо намудани грант барои лоиҳаи аввалини худ дар Тоҷикистон, оид ба лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» қарор қабул намуд. Лоииҳа 16 декабри соли 2008 аз тарафи Маҷлиси иҷроияи Директорони IFAD тасдиқ шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 14 млн. 950 ҳазордоллари амрикоӣ буда, ба мӯҳлати 6 сол пешбинӣ шудааст. Саҳми Бунёди Байналмилалии Рушди кишоварзӣ дар ин лоиҳа 12,3 млн. доллар ё 82 фоиз буда, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад дар бунёди ин лоиҳа 515 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки он ба 3 фоизи ҳаҷми умумии маблағи лоиҳа баробар аст. Бино ба гуфти директори лоиҳа Сабзалӣ Назиров, мақсади лоиҳаи мазкур паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар 18 ҳазору 750 хоҷагии 5 ноҳияи вилояти Хатлон: Мӯъминобод, Шӯрообод, Темурмалик, Балҷувон ва ду ҷамоат дар ноҳяи Данғара мебошад. Тибқи нақша, дар 9 моҳи соли ҷорӣ мебоист маблағи 1 млн. 177 ҳазору 510 сомонӣ аз худ карда мешуд, аммо бо баъзе сабабҳои субъективӣ то 1 –уми октябри соли ҷорӣ ҳамагӣ ба маблағи 825 ҳазору 910 доллар корҳо анҷом дода шудаанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






