«БЕҲСОЗИИ САТҲИ ЗИНДАГӢ ДАР ХАТЛОН»

Октябрь 25, 2010 10:35

Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-  Бунёди Байналмилалии Рушди Кишоварзӣ (ББРК -IFAD) ҷиҳати ҷудо намудани грант барои лоиҳаи аввалини худ дар Тоҷикистон,  оид ба лоиҳаи «Беҳсозии сатҳи зиндагӣ дар Хатлон» қарор қабул намуд. Лоииҳа 16 декабри соли 2008 аз тарафи Маҷлиси иҷроияи Директорони IFAD тасдиқ шудааст. Арзиши умумии лоиҳа 14 млн. 950 ҳазордоллари амрикоӣ буда, ба мӯҳлати 6 сол пешбинӣ шудааст.    Саҳми Бунёди Байналмилалии Рушди кишоварзӣ  дар ин лоиҳа   12,3 млн. доллар ё 82 фоиз буда,  саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бошад дар бунёди ин лоиҳа 515 ҳазор долларро ташкил медиҳад, ки он ба 3 фоизи ҳаҷми умумии маблағи лоиҳа баробар аст.    Бино ба гуфти директори лоиҳа Сабзалӣ Назиров, мақсади лоиҳаи мазкур паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ дар 18 ҳазору 750 хоҷагии 5 ноҳияи вилояти Хатлон: Мӯъминобод, Шӯрообод, Темурмалик, Балҷувон ва ду ҷамоат  дар ноҳяи Данғара мебошад.    Тибқи нақша, дар 9 моҳи соли ҷорӣ мебоист маблағи 1 млн. 177 ҳазору 510 сомонӣ аз худ карда мешуд, аммо бо баъзе сабабҳои субъективӣ  то 1 –уми октябри соли ҷорӣ ҳамагӣ ба маблағи 825 ҳазору 910 доллар корҳо анҷом дода шудаанд. 

Октябрь 25, 2010 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид