БОЛОРАВИИ НАРХИ ЧИНИШИ ПАХТА ДАР СУҒД

Октябрь 7, 2010 16:55

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба масъулин супориш дод, ки нархи чиниши пахта то 40-50 дирам барои ҳар як килло баланд карда шуда, шароитҳои хуби меҳнатӣ барои ҳашарчиён омода гарданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Қоҳир Расулзода зимни ҷаласаи корӣ оид ба вазъи кишоварзӣ, 6 октябр ҳолати чиниши пахтаро дар аксари навоҳии пахтакор ва сафарбарии чинакчиёнро суст арзёбӣ намуда, беъэтиноии саҳмдорон ва масъулини соҳаро таъкид намуд. Мавриди зикр аст, ки то 6 октябри соли равон дар вилояти Суғд ба миқдори наздик ба 55 ҳазор тонна пахтаи хушсифат ғундошта шудааст, ки 57,8 фоизи нақшаи истеҳсолиро ташкил медиҳад. Дар вилоят дар майдони 7309 гектар баргрезонӣ (дефолятсия) гузаронида шуда, ноҳияҳои пахтакори Мастчоҳ ва Конибодом нисбат ба соли гузашта пешқадам ҳастанд.

Октябрь 7, 2010 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд