БОЗДОШТИ СӮЗИШВОРИҲОИ ҒАЙРИСТАНДАРТӢ
Душанбе, 18 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон 279,4 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 195,5 тонна равғани растанӣ, 19,5 тонна макарон, 1727,3 тонна орду гандум, 44,8 тонна нӯшокиҳои спиртӣ, 46,8 тонна нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 218 тонна тухми мурғ ва 67,9 тонна маҳсулоти қаннодӣ ғайристандартӣ дониста шуда, тибқи тартиби муайян аз нав коркард ё нобуд карда шуданд. Дар Агентии давлатии «Тоҷикстандарт» ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки мутахассисони нозироти савдои Агентӣ дар ин муддат дар 3254 корхонаву ташкилотҳои савдо ва бозорҳо санҷиш гузаронида, дар 1373 ҳолат амри ислоҳоти бартараф намудани камбудиҳо ва дар 746 ҳолат амри манъи фурӯши мол дода шуд. Мавриди зикр аст, ки дар давоми нӯҳ моҳи сипаригашта кормандони Агентии «Тоҷикстандарт» 413420,02 тонна маҳсулоти нафтиро низ аз санҷиш гузаронида, муайян карданд, ки 136,3 тонна маводи сӯхт ғайристандартӣ будааст. Ин миқдор маводи сӯхт аз фурӯш боздошта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






