БОЗПАС ГИРИФТАНИ ПУЛҲОИ ФАРСУДА
Душанбе, 22 октябрь. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Айни замон меъёри бозтамвил дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад. Меъёри захираҳои ҳатмӣ бошад, барои амонатҳо бо пули 7,0 фоиз ва барои асъори хориҷӣ 9,0 фоизро ташкил дод, чунин зикр кард дар нишасти матбуотии ҷамбасти нӯҳмоҳаи соли ҷорӣ раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода. Ӯ, ҳамчунин, қайд кард, ки ҳаҷми пулҳои захиравӣ то санаи 30 сентябри соли ҷорӣ 2714,7 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 25,1 фоиз (544,2 миллион сомонӣ) зиёд шуд. Ҳаҷми пулҳои нақди дар муомилот буда 2,3 миллиард сомониро ташкил кард, ки аз он 20,3 миллион сомониаш тангаҳои филизӣ мебошанд. Дар давраи ҳисоботӣ пулҳои ба муомилот бароварда шуда 546,5 миллион сомониро ташкил намуда, 239,2 миллион сомонӣ пулҳои коғазии корношоям ва фарсуда аз муомилот бозпас гирифта шуданд, гуфт дар хотима Ш.Раҳимзода.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






