CОЛИ ИМОМ АЪЗАМ ЭЪЛОН НАМУДАНИ СОЛИ 2009- БАРОИ МУСУЛМОНОНИ АФҒОНИСТОН ИЛҲОМБАХШ БУД

Октябрь 11, 2010 17:04

Душанбе, 11 октябр (АМИТ «Ховар» Назир Назиров). Дар сӯҳбат бо рўзноманигор, сармуҳаррири рўзномаи «Щит» доктори илмҳои фалсафа Д.Назиров изҳор намуданд, ки тобистони соли 2010 ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ташриф оварда, дар шаҳри Қундуз бо яке аз ҳамватанонамон Мавлавӣ Сайид Раҳматуллоҳ- имом- хатиб ва мударриси мадрасаи «Хиёбон» мулоқот намуданд. Мавлавӣ Сайид Раҳматуллоҳ изҳори миннатдорӣ нисбат ба  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмон баён намуд,чунки бо пешниҳоди ў соли 2009- соли Имоми Аъзам эълон шуда буд ва конфронси байналмиллалӣ низ гузашт, ки ин барои мустаҳкам  намудани мазҳаби ҳанафия, устувор намудани дини ислом нақши муҳим бозид. Мавлавӣ Сайид Раҳматуллоҳ қайд намуд, ки дар мамлакатҳои араб нисбат ба пайравони мазҳаби ҳанафия муносибати на он қадар хуб ба чашм мерасид ва пайравони ин мазҳабро шиъа мехонданд. Бинобар ин, мусулмонони пайрави мазҳаби ҳанафия аз Афғонистон дар давраи зиёрати ҷойҳои муқаддас, яъне дар Арабистони Саудӣ пайрави мазҳаби ҳанафия буданашонро пинҳон нигоҳ медоштанд, то ин ки онҳоро шиъа нахонанд. Баъд аз соли 2009, ки дар Тоҷикистон 1310 – солагии Имом Аъзам, ё ин ки Абӯ Ҳанифа ҷашн гирифта шуд, дар мамлакатҳои араб низ пайравони мазҳаби Абӯ Ҳанифаро ба тариқи расми шинохтанд. Акнун пайравони мазҳаби Абӯ Ҳанифа, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба зиёрати ҷойҳои муқаддас мераванд, дар бораи пайрави мазҳаби ҳанафия буданашон ошкоро сухан меронанд ва ин албатта, пеш аз ҳама хизмати бузурги Президенти Ҷ. Т.  Э. Раҳмон аст. Аз ин лиҳоз, Мавлавӣ Сайид Раҳматуллоҳ  қайд намуд, ки аҳли пайравони мазҳаби Абӯ Ҳанифа дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон нисбат ба Президент Э.Раҳмон бо боварӣ ва ҳурмату эҳтироми хос менигаранд.

Октябрь 11, 2010 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад