ДАСТОВАРДИ НАВИ КВДҲ «ТОҶИКЭЙР»
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавзуна Бойева).- Бобати навсозии парки ҳавопаймоии КВДҲ «ТоҷикЭйр», айни замон оид ба гирифтани ду ҳавопаймои истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чин МА-60 корҳо идома дошта, ҳавопаймоҳои русиягии Ан-24, Ан-26 ва Як-40-ро иваз хоҳанд кард, зикр намуд дар нишасти матбуоти директори генералии КВДҲ «ТоҷикЭйр» Маҳмадалӣ Алимуродов. МА-60, ки дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Украинӣ таҳия шудааст, аз ҷиҳати иқтисодӣ манфиатовар буда, барои иҷрои парвозҳои минтақавӣ ба масофаи то 1600 км пешбинӣ шудааст. Ӯ, ҳамчунин, зикр кард, ки дар 9 моҳи моли 2010 корхонаи ҳавопаймоӣ ба буҷаи ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 22 миллион сомонӣ андоз пардохт намудааст, гуфт дар хотима А.Маҳмадалиев.