ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОДӢ ҲАМКОРИҲОИ ХОРИҶИРО ВУСЪАТ МЕДИҲАД
Душанбе , 20 октябр. ( АМИТ «Ховар» , Сангзода Муслиҳиддин ) .- Имрӯз дар Донишкадаи Иқтисодии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор гардид . Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишкада Нидоев Нозимҷон зикр намуд , ки соли ҷорӣ мо ба як қатор дастовардҳо ноил гаштем , аз ҷумла бо Донишгоҳи иқтисодии Теҳрон , Донишгоҳи давлатии Руссия , Донишгоҳи иқтисод ва идораи Қазоқистон , Донишгоҳи миллии иқтисодии Харков ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонидем . Бояд гуфт, ки дар Донишкада 4 факулта амал мекунад , ки инҳо факултаҳои «Технологияҳои информатсионӣ ва идоракунӣ дар иқтисодиёт» , «Гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ», «Иқтисодиёт ва молия» ва факултаи « Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ» мебошанд . Дар нишаст зикр гардид, ки дар Донишкада 25 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил карда истодаанд , ки аз ин 15 нафарро ӯзбекҳо , 8 нафарро туркманҳо ва 2 нафари дигарро афғонҳо ташкил медиҳанд . Бояд гуфт, ки дар доираи таҷлили соли маориф ва фарҳанги техникӣ дар Донишкада зиёда вз 36 чорабинии фарҳангию сиёсӣ гузаронида шуд .








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






