ФАЪОЛИЯТИ 6 ИНШООТ БАСТА ШУД
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов).- Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Мӯъминобод 7 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 2 маротиба кам мебошад. Сафол Раҳимов-сардори дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия дар робита ба ин мавзӯъ гуфт, ки баҳри наҷот додани ҳаёти шаҳрвандон, пешгирӣ ва сари вақт хомӯш намудани сӯхтор дар ташкилоту муассисаҳои давлатию хусусӣ кормандони хадамот дар ин давра 278 адад иншооти хоҷагии халқро санҷиданд. 52 нафар масъулини ташкилоту муассисаҳое, ки қоидаҳои зидди сӯхторро риоя намекунанд, ба маблағи 4340 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Фаъолияти 6 иншоот ва 8 бинои алоҳидае, ки дар ҳолати хавфи сар задани сӯхтор қарор доштанд, муваққатан қатъ гардид. Ба гуфтаи ин манбаъ дар ин давра 92 адад қитъаҳои барқӣ, 97 адад печу агрегатҳо безарар гардонида шуда, инчунин, ҳангоми санҷиши ҳолати бехатарии зидди сӯхтор дар хонаҳои истиқоматӣ 3 далели дуздии барқ ошкор гардид. Мавриди зикр аст, ки дар доираи 900 рӯзи ободонию созандагӣ ва 80 солагии таъсисёбии ноҳия ҳайати шахсии дидбонгоҳ тасмим гирифтаанд, ки бо қувваи худӣ сохтмони ҷойи нигоҳдории автомашинаҳои оташхомӯшкуниро ба итмом расонанд.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






