ХАБАРИ МАРКАЗИ РОБИТАҲОИ ҶАМЪИЯТИИ КУМИТАИ АМНИЯТ

Октябрь 5, 2010 17:23

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо мақсади пешгирӣ намудани фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳҳои муташаккили трансмиллии ҷинояткор дар хатти сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии ,Ӯзбекистон силсилаи амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро анҷом доданд: ки дар натиҷа ба миқдори калон маводи нашъадор мусодира карда шуд. Тавре аз таҷрибаҳои ҷаҳонӣ бармеояд, ҳар як давлате, ки дар сари роҳи транзити маводи нашъадор қарор дорад ҳатман зери таъсири гурӯҳҳои муташаккили трансмиллии ҷинояткори нашъаҷаллоб мемонад. Таъкиди он нуқта зарур аст, ки собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳудуди 2367 километр бо Афғонистон сарҳад дошт. Аз ин миқдор 1425 километраш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Муҳофизати ин қитъаи сарҳад ҷузъи муҳимтарини марзҳои шӯравии абарқудрат маҳсуб меёфт. Бояд эътироф кард, ки Тоҷикистон бо доштани масъулияти бузург дар ҳифзи сарҳад бо Афғонистон ҳамчун сипар нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, Россия ва Иттиҳоди Аврупо хизмат мекунад. Қувваҳои сарҳадии органҳои Кумитаи давлатии амниятии миллии ҶТ, ки ифодагари асосии қудрату тавоноии давлат дар самти таъмини ҳифзи марзи давлатӣ мебошанд, тайи якчанд рӯзи охир дар хатти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон ва Ӯзбекистон силсилаи амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯиро анҷом доданд, ки дар натиҷа аз дастаҳои ҷинояткори трансмиллӣ беш аз 130 килограмм маводи нашъадор ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шуд. Чунончӣ, шаби 28-ум ба 29-уми сентябри соли равон дар мавзеи Сурхалами ноҳияи Шӯрообод ҳангоми баргузории амалиёти махсуси сарҳадбонони тоҷик бар зидди гурӯҳи 9 нафараи нашъаҷаллобони сартопо мусаллаҳ задухӯрд ба амал омад. Дар натиҷа 1 ҷинояткор кушта шуда, боқимонда ба тарафи Афғонистон фирор намуданд. Аз ҷойи ҳодиса беш аз 80 килограм маводи нашъадор, 2 автомати Калашников ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардид. Шаби 4-ум ба 5-уми октябри соли ҷорӣ зимни баргузории амалиёти махсус дар яке аз дидбонгоҳҳои отряди сарҳадии Ҳамадонӣ сарҳадбонони тоҷик гурӯҳи нашъаҷаллоби мусаллаҳро ошкор намуданд, ки нияти убури сарҳади давлатии Тоҷикистонро доштанд. Дар ҷараёни задухӯрди дуҷониба 1 нашъаҷаллоби зархарид кушта гардид. Аз ҷойи ҳодиса 26 килограм маводи сахттаъсири героин, 2 килограм афюн мусодира карда шуд. Ҳамчунин: шаби 4-ум ба 5-уми октябри соли 2010 дар ҷараёни баргузории амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯии хизматчиёни ҳарбии отряди сарҳадии «Панҷакент» ҳангоми убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ сокини деҳаи Сурхчаи ноҳияи Панҷакент Рустамов Ҷонибек Ҳусейнович дастгир гардида, аз вай ба миқдори 28 килограм маводи нашъадори афюн мусодира карда шуд. Пурсиши пешакии дастгиршуда нишон дод, ки номбурда бо аъзоёни гурӯҳҳои трансмиллии ҷинояткор аз Ҷумҳурии ,Ӯзбекистон алоқаи деринаро устувор намуда, ният дошт, ки ин бори марговарро тавассути убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба қаламрави кишвари ҳамсоя интиқол диҳад.      Мисолҳои зикршуда шаҳодат медиҳанд, ки бар хилофи иддаои баъзе нотавонбинони ватанию хориҷӣ, ки ба таври сунъӣ Тоҷикистонро ҳамчун кишвари интиқолдиҳандаи маводи нашъадор нишон доданӣ мешаванд, Қувваҳои сарҳадии органҳои Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ ба таври мустақилона аз ӯҳдаи ҳимояи марзи давлатӣ баромада метавонанд ва ҳамеша омодаанд, ки дар ин самт бо ҳама гуна ҷинояту ҷинояткориҳо муборизаи оштинопазир баранд. Марзбонони тоҷик бо дастгирӣ ва кӯмаки бевоситаи ҳамватанони азиз шабу рӯз мекӯшанд, ки на танҳо амнияти давлати хеш, балки мамлакатҳои минтақа, Россия ва дигаронро аз зуҳуроти паҳншавии яроқу аслиҳа, терроризм ва экстремизм, инчунин маводи нашъадор эмин нигоҳ доранд.

Октябрь 5, 2010 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон