ХИЗМАТИ ШАРАФНОК

Октябрь 5, 2010 16:30

      Суғд, 5 октябр. ( АМИТ «Ховар», Мирзалӣ Амонов).-Қарзи ҳар шаҳрванд будани хизмат дар Артиши миллӣ мафҳумест, ки ифтихори миллӣ аз он сарчашма мегирад.      Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод дар якҷоягӣ бо Комиссариати ҳарбии ноҳия ва падару модарони даъватшавандагон, инчунин, намояндагони аҳли ҷомеа, собиқадорон, занон ва ҷавонон барои гусели наваскарон ба сафи Артиши миллӣ вохӯрӣ доир намуд.     Маҳз бурдани корҳои ташвиқотӣ дар мавриди дӯст доштани Ватану марзу буми он дар байни ҷавонони ноҳия буд, ки ҷавонони ғаюру далери ноҳия бо амри дил ба хизмати Артиши миллӣ сафарбар гардиданд.    Ба даъватшавандагон собиқадорони ҷангу меҳнат ва волидайн хизмати содиқона ба Ватанро таманно намуданд.Онҳо изҳор намуданд, ки боварӣ доранд ин ҷавонон хизмати Модар-Ватанро ба ҷо оварда, бо рӯи сурх ба хона бармегарданд. 

Октябрь 5, 2010 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад