ХИЗМАТРАСОНИЕ, КИ ФОИДА ОВАРД
Душанбе, 20 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини аввали директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Абдулҳамид Сайфуллоев, маблағи хизматрасонии корхонаҳои соҳа дар 9 моҳи соли ҷорӣ 13 млн. 566 ҳазор сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 фоиз зиёд аст. Маблағи фоида аз хизматрасонӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ (ХМК) 831 ҳазор сомониро ташкил дод. Корхонаҳои фаръии бақайдгирии техникӣ (МББТИ) бошанд дар ин давра ба маблағи 6 млн. 436 ҳазор сомонӣ ба аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хизмат расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 0,5 фоиз зиёд аст. Аз натиҷаи фаъолияти худ корхонаҳои фаръии ХМК ба маблағи 154, 5 ҳазор сомонӣ фоида ба даст оварданд. Аз рӯи натиҷаи ҳамаи намуди фаъолияти молиявии худ корхонаҳои соҳа 2 млн. 514,1 ҳазор сомонӣ фоида ба даст оварданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд






