ИППОДРОМ НАВРӮЗГОҲИ ДУШАНБЕ МЕШАВАД

Октябрь 12, 2010 15:34

         Душанбе, 12 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- То Наврӯзи соли 2011 Ипподроми шаҳри Душанбе ба Наврӯзгоҳи шаҳрӣ табдил дода мешавад. Марҳилаи дуюми сохтмон ва таҷдиди он аз ҷониби пудратчӣ- Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хонасоз-4» ба маблағи беш аз 14 миллиону 186 ҳазор сомонӣ то ҷашни Наврӯзи соли оянда ба анҷом расонида мешавад.      Ҳамзамон,  то охири соли равон мактаби мусиқии бачагонаи №5-и идораи фарҳанги шаҳри Душанбе аз тарафи пудратчӣ ҶДММ «Ободии ҷамъият» дар ҳаҷми 219840 сомонӣ таъмиру таҷдид мегардад. Мавриди зикр аст, ки таъмиру таҷдиди иншооти мазкур армуғони хубест ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба сокинони пойтахт.

Октябрь 12, 2010 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад