ИСРОФКОРӢ МАҲДУД КАРДА ШУД
Душанбе, 25 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти муовини аввали раиси шаҳри Ваҳдат Қиёмиддин Абдуллоев, дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҷамъбасти ҷамъи даромадҳо ба буҷаи маҳаллии шаҳр 19 млн. 44 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ба 101 фоизи нақша баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 4 млн. 629 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, ҳангоми маблағгузорӣ дар мадди аввал пардохти моддаҳои ҳимояшаванда, аз қабили: музди меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, нафақа, идрорпулӣ — (стипендия), ёрдампулӣ ва ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва газ гузаронида шуда, хароҷоти дигар, аз ҷумла сафарҳои хизматӣ, таъмири капталӣ, чорабиниҳои сермасраф, истифодаи телефон, маводи конселярӣ ва дигар исрофкориҳо маҳдуд карда шудааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд






