КИТОБИ ДЕРИНТИЗОРИ ХОНАНДАГОН ЧОП ШУД

Октябрь 29, 2010 10:37

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Китоби устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» тариқи нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха бори аввал бо хатти кириллӣ нашр гардид. Дар баргардониш  аз хатти форсӣ, дар таҳия ва тасҳеҳ саҳми олими варзида Мубашшири Акбарзод калон аст. «Намунаи адабиёти тоҷик» асарест, ки бо нашри он устод Айнӣ адабиёти тоҷикро ба оламиён муаррифӣ намуд. Ин асар дар таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши намоёне дошт. Ва имрӯз ҳам аҳамияти таърихии худро ҳифз кардааст. Китоби мазкур дар соли 1926 чун шиносномаи миллати тоҷик бар даҳони душманони миллат зарбаи сахт зада, дар худшиносии миллии тоҷикон нақши муассир гузошт. Китоби мазкур дар бораи ҳаёт ва фаъолияти зиёда аз 228 нафар шоиру нависандагон маълумоти зарурӣ додаст.

Октябрь 29, 2010 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад