МАСЪУЛИЯТҲОИ КОМИССИЯИ ҶОМЕАИ АВРУПО МУАЙЯН ШУД
Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амнияти озуқаворӣ», «Дар бораи оби нӯшокӣ ва таъмини он», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон» аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. Дар ҷаласа, ҳамчунин, дар хусуси Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи Ҷомеаи Аврупо дар бораи ифтитоҳ, имтиёз ва масъулиятҳои намояндагии Комиссияи Ҷомеаи Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ шуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






