МАВОДИ НАШЪА БА СОҲИБАШ НАРАСИД
Душанбе, 15 октябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- 13-уми октябри соли ҷорӣ соати 16.30 дар к. Апланчуки шаҳри Чкаловск автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами давлатиаш АА 3554 02/РТ таҳти идораи ронанда Қурбонов Н. боздошт гардид, ки ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи мазкур аз бордонаш 1-адад халтаи селофанӣ дарёфт гардид. Дар дохили он маводи нашъадори ҳашиш буд, ки вазнаш 18 кг. 400 граммро ташкил дод. Дар ҳудуди маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ҳангоми гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони ШКД аз Қурбонов Нурмуҳаммад Неъмонович, соли таваллудаш 1976, истиқоматкунандаи маҳаллаи Победа, х. 33, ҳ.1, оиладор, бекор, пеш бо моддаи 281 КҶ ҶТ суд шудааст, 2-адад халтаи селофанӣ, ки дар дохили онҳо маводи нашъадори ҳашиш, вазнаш 2 кг. 170 грамм буд, дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ҳодисаи мазкур бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудаст. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Маҳмадулло Асадуллоев-сардори маркази матбуоти ВКД хабар дод.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






