МОТОТСИКЛРОНҲОИ ТОҶИК БА ЭРОН МЕРАВАНД
Душанбе, 5 октябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Нахустин бор варзишгарони мототсиклрони тоҷик дар чемпионати Осиё оид ба варзиши мототсиклронӣ, ки аз 6 то 9 октяри соли равон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад, иштирок менамоянд. Мусобиқаи пойгаи мототсиклронии мазкурро Федератсияи байналхалқии варзиши мототсиклронӣ ва Федератсияи миллии автомотоварзиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дар якҷоягӣ доир хоҳанд намуд. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон Олим Раҷабов ва Дилшод Раҷабов шомил буда, ҳар ду варзишгарони Клуби ҷумҳуриявии варзиши техникии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ мебошанд. Онҳо дар чандин мусобиқаҳои пойгаи мототсиклронии ҷумҳуриявӣ мақоми аввалро ишғол намуда, ба дастовардҳои баланди варзишӣ ноил гардиданд. Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ ба рушди варзиши мототсиклронӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, барои варзишгарони ин риштаи варзиш шароити лозимаро фароҳам меорад. Айни ҳол се адад мототсикли ҷопонии «Судзуки» харида шуда, дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб, Турсунзода, Душанбе, Ваҳдат, ноҳияҳои Ёвон, Ҳисор, Рӯдакӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ рушди ин навъи варзиш дар заминаи зерсохторҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ ба роҳ монда шудааст.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






