МУЛОҚОТИ Э.РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ТИББИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РУСИЯ
Душанбе, 4 октября. (АИМТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рўз, 1 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия Михаил Давидов ва Президенти Академияи саратоншиносии Украина Игор Шеботинро, ки барои иштирок дар Анҷумани саратоншиносони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Дар оғози мулоқот Михаил Давидов ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоёнаш барои соҳаи тандурустӣ ва таҳкими дўстию ҳамкории миёни халқҳо Мукофоти олии Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия – Медали тиллоии ба номи Николай Блохинро тақдим намуд. Дар мулоқот оид ба паҳлўҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо Русияву Украина дар соҳаи тандурустӣ ва хусусан саратоншиносӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






