НАРХИ ШИКОРИ «МАРКО ПОЛО» МУАЙЯН ШУД

Октябрь 11, 2010 11:27

Душанбе, 11октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-   Шумораи гӯсфандони «Марко Поло» то охири моҳи августи соли ҷорӣ ба 24 ҳазор  расидааст, иброз доштанд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба мухбири АМИТ «Ховар».    Бояд тазаккур дод, ки     аз  сабаби шикори бераҳмона соли 2001 ин навъи ҳайвоноти нодир ба «Китоби Сурх» даровард шуд.    Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2001   шикори гӯсфанди «Марко Поло»    манъ карда шуд.   Баъди ба тасвиб расидани қарор саршумори ин ҳайвони нодири ҷуфтсум хеле афзоиш ёфт.    Кумитаи ҳифзи муҳити зист соли ҷорӣ ба шикори «Марко Поло» иҷозат дод.  Арзиши  иҷозатнома аз 10 то 13 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ҳолати гузаронидани мусобиқа оид ба шикор нархи иҷозатнома то    25 ҳазор доллар баланд бардошта мешавад.  

Октябрь 11, 2010 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад