НАРХИ ШИКОРИ «МАРКО ПОЛО» МУАЙЯН ШУД
Душанбе, 11октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Шумораи гӯсфандони «Марко Поло» то охири моҳи августи соли ҷорӣ ба 24 ҳазор расидааст, иброз доштанд дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба мухбири АМИТ «Ховар». Бояд тазаккур дод, ки аз сабаби шикори бераҳмона соли 2001 ин навъи ҳайвоноти нодир ба «Китоби Сурх» даровард шуд. Бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2001 шикори гӯсфанди «Марко Поло» манъ карда шуд. Баъди ба тасвиб расидани қарор саршумори ин ҳайвони нодири ҷуфтсум хеле афзоиш ёфт. Кумитаи ҳифзи муҳити зист соли ҷорӣ ба шикори «Марко Поло» иҷозат дод. Арзиши иҷозатнома аз 10 то 13 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ҳолати гузаронидани мусобиқа оид ба шикор нархи иҷозатнома то 25 ҳазор доллар баланд бардошта мешавад.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






