НОМҶӮЙ АЗ САНГТӮДА ВА ИСТИҚЛОЛ БОЗДИД МЕНАМОЯД
Душанбе, 1 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар бахши энергетика зимни мулоқоти Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шералӣ ва вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҷиди Номҷӯй дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба сатҳи ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар дар бахши энергетика баҳои баланд дода, дурнамои онро самарабахш арзёбӣ карданд. Бахусус, ҷараёни босуръати корҳои сохтмониро дар НБО «Сангтӯда-2», нақби «Истиқлол» ва корҳои марҳилаи мутолиотию лоиҳакаширо дар нерӯгоҳи Айнӣ, аз густариши ҳамкориҳои ҳар ду давлат дар бахши энергетика маънидод карданд. Мавриди зикр аст, ки Вазири нерӯи Эрон Маҷиди Номҷӯй ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 8-уми муштараки Комиссияи байниҳукуматии иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Эрон ва ширкат дар ҷаласаи вазирони энергетика ва нафти кишварҳои ЭКО дар Душанбе қарор дорад. Назар ба иттилои масъули бахши матбуоти Сафорати Эрон дар Душанбе Ҳусейн Ширхонӣ, 1 октябр Маҷиди Номҷӯй баъди мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз маҳали корҳои сохтмонӣ дар НБО «Сангтӯда-2» ва идомаи корҳои ба анҷомнарасидаи нақби «Истиқлол» дидан менамояд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






