ОҒОЗИ ФОРУМИ ЗИЁИЁНУ ЭҶОДКОРОН

Октябрь 14, 2010 14:16

           Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). –  Имрӯз дар шаҳри Маскав Форуми V зиёиён ва эҷодкорони давлатҳои узви ИДМ дар мавзӯи «Ҳамкории инноватсионӣ  ва башардӯстона-заминаи рушди бемайлони кишварҳои Иттиҳод», ифтитоҳ гардид. Дар кори Форум зиёда аз 500 намоянда аз тамоми кишварҳои ИДМ, аз ҷумла намояндагон аз Ҷумҳурии Точикистон иштирок доранд.             Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар форуми мазкур масъалаҳои рушди ҳамкориҳои касбӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг,  робитаҳои оммавӣ, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ мегарданд.             Дар чаҳорчӯби Форум ҷаласаи нақшавӣ ва муҳокимаи 7 мавзӯи касбӣ, аз ҷумла «Маориф, фаъолнокии академӣ ва меҳнатии ҷавонон», «Илми технологӣ ва инноватсионӣ», «Дастгирии насли ҷавони иттиҳод», «Мероси таърихӣ-фарҳангӣ ва санъати муосир», «Васоити ахбори омма, адабиёт ва фаъолияти ноширӣ», «Сайёҳати фарҳангшиносӣ», «Экология ва ҳифзи муҳити зист» дар назар дошта шудааст. Аз рӯи натиҷаҳои мубоҳиса тавсияҳои мавзӯӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ қабул мешаванд.             Бояд зикр кард, ки  Форуми зиёиён ва эҷодкорон ҳамасола дар яке аз  пойтахтҳои давлатҳои узви ИДМ  бо иштироки роҳбарони кишварҳои иштирокчӣ ва бо дастгирии Шӯрои ҳамкориҳои башардӯстона ва Фонди байналмилалии ҳамкориҳои башарӯстона доир мегардад.             Аз соли 2006 инҷониб Форумҳо дар шаҳрҳои Маскав, Остона, Душанбе ва Кишинев баргузор гардидаанд.  

Октябрь 14, 2010 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд